Иқтибос аз китобӣ «ШИНОХТ ВА МАҚОМИ САҲОБА (Р) ДАР ИСЛОМ» Мардуми мусалмони тоҷик аз ҳамон ибтидои пазириши Ислом пайрави аҳли суннат ва ҷамъоат буда, дилҳои эшон дар тўли таърихи наздик ба якуним ҳазор сол аз муҳаббати саҳобагони Расули акрам (с) ва дигар бузургони садри Ислом лабрез мебошад. Онҳо дар муҳаббати асҳоб ва ёрони Паёмбар (с) аз ифроту тафрит дурӣ намуда, дар шинохти фазлу азамат ва ҷойгоҳи рафеъи эшон равиши эътидолро дар пеш гирифтаанд. Инак, назари чанд тан аз шахсиятҳои барҷаста ва ходимони намоёни динро дар бораи мақом ва ҷойгоҳи саҳобагони Расули акрам (с) ва бузургони садри Ислом манзури хонандагон менамоем. Онҳо бо мутолиъаи назари ин бузургон метавонанд мавқеъи феълии донишмандон ва ҳамин тавр мардуми мусалмони тоҷикро дар бораи бузургон ва пешвоёни садри аввал ба даст оваранд.
Author: Муҳаммадиқболи Садриддин
Закот дар миёни панҷ рукни бинои Ислом яке аз се рукни муҳимтарини он ба шумор меравад, ки мавҷудият ва бақои имон ва исломи банда ба онҳо вобастагӣ дорад. Агар яке аз ин се рукн халалдор гардад ва ё аз байн биравад, имон ва исломи банда низ ба ҳамон андоза осеб мебинад ва ё комилан аз байн меравад. Калимаи шаҳодат ба манзалаи дарвозаест, ки инсон бо гуфтани он вориди бинои Ислом мегардад. Табиъист, ки бе таҳаққуқ ва мавҷудияти он, яъне бе шаҳодат додан ба ягонагии Парвардигор ва ба паёмбарии ҳазрати Муҳаммад (с) ҳеҷ гуна имоне барои банда ҳосил намешавад.
Author: Абдушшариф Боқизода
Паёмбар (Дуову дуруд бар Ӯ бод) мефармояд: «Гурӯҳе аз умматони ман дар охируз-замон зиноро ба ғайри номаш мехонанд» (Ҳадиси шариф) Издивоҷи мутъаро инчунин издивоҷи муваққат, мунқатеъ ва сиға меноманд. Аз он сабаб мутъа номида шудааст, ки мард аз он зан дар муддате, ки қарор бастаанд, нафъу лаззат ва таматтӯъ мебардорад.
Ин китоб, ки бо унвони «Сеҳрайн» маъруф аст, ҷилди дуюми китоби «Шайхайн» (Таърихи хулафои рошидин: Абубакр (р) ва Умар (р)) буда, роҷеъ ба зиндагӣ, футуҳот ва шаҳодати ду халифаи рошид, домодҳои паёмбари ислом, ҳазрати Муҳаммад (с): Усмон (р) ва Алӣ (р) маълумот медиҳад ва барои доираи васеъи хонандагон пешкаш карда мешавад.
Translators: Муҳаммадиқболи Садриддин
Ин китоб дар бораи рузаи моҳи рамазон ва ҳукмҳои он мебошад, ки муаллифи ин китоб аз баъзе оятҳо ва ҳадисҳои Паёмбари ислом истифода бурда он ҳукмҳое ки ҳар як рузадор эҳтиёҷ ба он дорад баён мекунад, Хдованд мефармояд: "Рўзаи (моҳи Рамазон) бар шумо фарз гардонида шуд, ҳамон гуна, ки бар гузаш- тагони пеш аз шумо фарз гардида буд, то ба василаи он тақво (ва худсозй) намоед».
Author: Абдушшариф Боқизода
Муаллифи ин китоб бо як маҳорати баланд ва бо амонати илми тақрибан тамоми ривоятҳое ки дар мавриди ҷоиз будан ё набудани маросимҳое ки шиъаҳо дар рузи ошуро барпо медоранд: аз мароҷиъиу олимони шиъа бароямон пешкаш кардааст. Ва ҳар инсони мусалмон хоҳ шиъа бошад ва хоҳ сунни агар бо диққат ин китобчаро бихонад аз Худованд умед дорам ки ҳақиқати ҷоиз будан ё набудани ин анъанаҳову маросимҳое ки рузи ошуро барпо мешаванд: мисли занчирзаниву синазани ва пушидани либосҳои сиёҳ, хоҳад фаҳмид.
Author: Маволи Ғуюур
Translators: Абузари Абдулло